занбӯр — [زنبور] навъи ҳашароти парандаи хурди нешзан, ки хелҳои гуногун дорад, ору, кабт; занбӯри асал занбӯре, ки асал медиҳад; занбӯри ҷиззак занбӯри зардак, занбӯри ғингак (бингак) … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
занбӯрак — I занбарак II [زنبور ک] 1. шакли тасғири занбӯр; занбӯри хурд 2. ниг. занбарак … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
занбӯрхона — [زنبور خانه] 1. хонаи занбӯр, лонаи занбӯр; кандуи оруи асал 2. маҷ. ҷои серғавғою мағал … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
занбӯрбон — [زنبور بان] нигоҳубинкунандаи занбӯрҳои асал … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
занбӯрпарварӣ — [زنبور پروري] парвариши занбӯри асал … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
занб — [ذنب] а. кит. гуноҳ, ҷурм, айб … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
занбарак — (занбӯрак) [زنبرک // زنبورک] кҳн. тӯпи хурде, ки дар замонҳои пеш ба шутур бор мекарданд … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
асал — [عسل] а. моддаи шакарини ғафс, ки занбӯри асал аз шираи гулҳо ҳосил мекунад, шаҳд, ангубин; гул хор дораду асал занбӯр (зарб.); занбӯри асал ниг. занбӯр ◊ аз даҳонаш асал мечакад (мерезад) хеле хушгуфтор аст … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
ангубинхона — [انگبين خانه] ҷои занбӯрҳо, хонаи занбӯр, кандуи асал … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
кавора — I [کواره] растании сафедпӯсти сустпояи камбарг, ки бӯи баде дорад ва дар регзорҳо мерӯяд II [کواره] 1. як навъ сабади дудаста барои меваю сабзавот, каҷова 2. лонаи занбӯр, қуттиҳои махсус барои парвариши занбӯри асал, канду … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ